ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳиягардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаву ташкилотҳо ва маҳалҳо бо сокинон доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, вохӯриҳо доир гардида истодаанд.
Чунин вохӯрии судманд дар деҳаи Зиракӣ Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии №14 доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҲХДТ барои солҳои 2021-2027, барномаю нақшаи корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда суҳбат намуд.
Шарифзода Маҳмадаюб қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз 8 бахши фарогир ва 26 зербахшҳо таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаи нави рушд ба назар гирифта шудааст. Соли 2020 ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” шинохта шуда, барои ҳар як ташкилот ва ҳар як узви ҳизб бояд давраи иқдомҳои созанда ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаи амали ҳизб гардад. ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идораи ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизби сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб мегардад ва бо ҷонибдории худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.