БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ КАФОЛАТИ ПИРӮЗИИ МОСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли  шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон дар назди ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситодҳои ҷамоатӣ оид ба бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати дастгирии  ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардидааст.

Шурӯъ аз 15 сентябри соли равон корҳои таблиғотию дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар ҳудуди ноҳия оғоз гардидааст. Чунин семинар- машварати корӣ бо аъзои ситоди Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара  Юсуфова баргузор гардид.

Барои ҳамаи мо боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз бо эътимоди комил ва шарафи бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти амалкунандаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудаем.

Воқеан ҳам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошу заҳматҳои худ, фидокорӣ, ғамхориҳои бесобиқа нисбати халқи Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои созандааш ба мақому манзалати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвом миллат сазовор гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg