БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли  шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Чаманорои  Ҷамоати деҳоти Лолазор бо иштироки  гурӯҳи тарғиботӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   намояндаи Ҷамоати деҳоти Лолазор С. Акбарова ва Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар  баргузории чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара,  омӯзгорон, собиқадорони ҲХДТ ва истиқоматкунандагони деҳа  оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ зимни баромади худ қайд доштанд, ки иштирок дар интихобот ин иштирок дар ташкили ояндаи худ аст. Тариқи иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ мо садоқати худ, дастгирии сиёсати давлат ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро нишон медиҳем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg