БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША. Ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои аъзои ҷомеа мебошад. Яке аз чунин ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихобот аст. Интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳими сиёсат маҳз дар ҷомеаи демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст.

Дар шароити муосир низ давлатҳои демократӣ интихоботро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа истифода менамоянд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, тамоми пояҳои давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё, барқарор ва устувор намудааст.

Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботи ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Конститутсия - Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоягари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд.

Интихоби Президент тавассути интихобот яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки таъминкунандаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Қобили таваҷҷуҳ ва сарфарозист, ки дар асоси мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо эҳсос мешавад, ки дар интихобот донишманди касбу кори гуногун мубориза мебаранд. Ин барои мардуми шарафманди Тоҷикистон як фоли нек буда, умедвории моро ба ояндаи дурахшон, осмони софу беғубори Ватан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ устувортар менамояд.

Дар маҷмуъ, интихобот бо ҳарф намешавад, интихобот бо ширкати мардум, ҳузури мардум, иродаи мардум, иртиботи фикрӣ ва ақлонӣ ва эҳсосоти мардум бо таҳаввулоти кишвар сурат мегирад, чунки аҳаммияти интихобот дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа хеле бузург аст. Аз ин ру шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби Сарвари давлат муайян созанд. Шаҳрвандон бояд огоҳ бошанд, ки бетарафӣ дар интихобот падидаи манфӣ аст ва чун интихобот воситаи муҳими амалигардии ҳокимияти мо шаҳрвандон аст, пас дар ин раванд ҳар яки мо бояд фаъолнокии бештари сиёсӣ зоҳир намоем.

Мирзоева Гулрухсор,  мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ                                                 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg