БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУДРО ИНТИХОБ МЕКУНЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ.Дар маҳаллаҳои ба номи Султони  Кабир, Душанбе, Мирзо Турсунзода, Б.Ҳакимов ва Рустами Холалии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ  семинар-машварат оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилию баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Иботов Диловар кушода, таъсиси Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи кории Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, тасдиқи нақшаи кории Гурӯҳи тарғиботӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар ҷамъбаст масъулин таъкид шуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ доир гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳар фарди кишвар масъулияти баланд эҳсос намояд ва саҳми шаҳрвандии хешро гузорад. Зеро ин маърака ояндаи давлату миллатро муайян намуда, ҳаёти босаодати Тоҷикистонро таъмин месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg