БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД ДАР МАҲАЛ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф  дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон деҳаи Дулонамайдон оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Мирзозода Исуф дар суҳбат  иштирокчиёнро бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020- 2027 шинос намуда, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва пешгирии паҳншавии касалии сироятии “COVID-19” суханронӣ карда шуд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ дар навбати худ иброз намуданд, ки барои таъмини сулҳу субот аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дилпур буда, аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор мебошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg