Ҷ.БАЛХӢ. дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон мулоқот доир карда шуд.
Зимни суҳбат Асоев Хизридин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва баромад намуданд.
Дар суҳбат аъзои гуруҳи тарғиботӣ иброз доштанд, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат намояд ва барои ободу шукуфоии Ватан саҳми худро гузорад.