БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ МАҚСАДИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатии худро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди  деҳаи Ғалаба вохӯрӣ ташкил намуданд.

Зимни суҳбат корманди масъули ҳизбӣ дар бораи иштироки мардум дар интихобот ва ҳуқуқи ҳар як шахс марбут ба интихобот суҳбатҳо доир намуда, иштирок дар интихоботро аз ҷониби ҳар як шаҳрванд садоқат ба халқу Ватан ва ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, нишондиҳандаҳои асосӣ ва заҳмату меҳнатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми фаъолияти кориаш давоми солҳои 2013-2020 ва нақшаю тадбирҳои андешидааш барои солҳои минбаъда ба таври возеҳу равшан ба мардум фаҳмонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg