АНДЕША. Мо, ки баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлати миллӣ гаштем барои пуштибонӣ кардан аз тоҷикони бурунмарзӣ ва ваҳдати тоҷикони ҷаҳон масъулияти маънавӣ дорем.- таъкид намудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Инъикоси зиндагиномаи Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвари азизамон дар қолаби бузургтарин ахбору қиссаҳо, мақолаву достонҳо, филмномаҳову наворҳо ғунҷоиш намепазирад. Марди таърифофарину давлатсоз Тоҷикистони азизро бар уҳда дорад, саҳлу содда андеша рондан ва бе далелу аснод сухан гуфтан раводиди ақлу инсоф намебинад. Ҳамагуна давлат бе сарвар ҳеҷ аст. Аз ин рӯ, маърифатнокиву хирадмандӣ, фаросатбориву шуҷоатнокӣ ва саховатпешагиву ҷавонмардии ин шахсияти сарвар яқинан тири паргорест, ки мардуми мамлакат дар атрофаш мечарханд.
Сарвари давлат сулҳҷӯйи сартосарии олам ва хосса ҳамаи хешро ба тамоми давлатҳои сайёра нишон додааст. Дар таърихи инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузургро эҳдо намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофаш муттаҳид кунад ва дар сарзаминаш ба созандагӣ машғул шавад. Ҳамин гуна сарвар бар миллати тоҷик аз тарафи Худованд ато шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик озода зистан ва аслан дар ҷони хеш хусумату туҳмат ва дассисаву қабоҳатро ба ҳеҷ ваҷҳ ҷой намедихад, зеро миллатест деҳқоннажоду фарҳангдӯст ва хирадманду накӯкор. Воқеан ҳамин тавр буд, ки бегонагон ҳамеша чора меҷӯстанду дассиса мебофтанд ва ҳангоматалабона моҷарои таҳмилиро ба бор меоваранд, то иддае гумроҳони ин миллатро ба сӯи хеш кашанду дилдорӣ намоянд ва ҳамзамон ханҷар аз пушт бар камари азизтарин фарзанди фарзонаи содиқи миллати мо бизананд, имкони воқеии иҷрои нопоки худро дошта бошанд. Хоҷагони бурунмарзӣ чун гулҳои қоғазӣ ба пеши саҳнаи фоҷиаангез кашанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ маромбардори миллати озодаи тоҷик набуданд ва яқинан ин мушти ночиз хӯсаҳои боли палаки паҷмурдаро ба ёд меоваранд.
Хоҷагони бегона бояд бидонанд, ки дигар тоҷикро фиребидан ва ба коми худ мароми онро сафарбар намудан саҳлу содда нест. «Мулк бо куфр бипояду бо зулм напояд». Миллату давлати мо маҳз бо матонату сарсупурдагӣ ва миллатпарастиву ҷоннисории ин абармард дар паҳлӯи бузургтарин давлатҳои пешрафтаи дунё қарор дорад.
Мо бояд фахр кунем, Пешвои миллат на як солу ду сол роҳбари ҳақиқӣ будани худро дар амал, дар шаддидтарин ва мураккабтарин вазъият нишон додаанд. Ин шахс Пешвои муааззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Мо бо Президенти соҳибтаҷриба ва соҳибсиёсат, кордидаву размдида пирӯзу муваффақ хоҳем шуд.
Холиқов Назрулло, аъзои гуруҳи волонтёрони ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ