БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ – НИШОНАИ РУШДИ ДЕМОКРАТИЯ ДАР КИШВАР

АНДЕША. 11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Интихобот яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маърака тамоми аҳозоби сиёсие, ки дар кишвар фаъолияти қонунӣ доранд, метавонанд иштирок карда, номзадҳои худро пешниҳод намоянд. Тибқи иттилои охирин, то имрӯз ҳизбҳои сиёсии кишвар аллакай номзадҳои худро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбарӣ намуда, вориди рақобат гардида истодаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 3 сентябри соли 2020 дар анҷумани 14-уми худ номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

Кору фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҷаҳониён чун оина равшан аст. Аз ин рӯ, сокинони кишвар аз ҷониби ҲХДТ ба ҳайси номзад ба мансаби Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудани Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ қабул намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае ба арсаи сиёсати калон ворид шуданд, ки Тоҷикистон гирифтори  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Аз нахустин суханҳояшон маълум буд, ки ватандӯсти асил ҳастанд. Зеро аввалин ҳарфи ӯ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин буд, ки “ман ба шумо сулҳ меорам!”. Ва пиру барнои кишвар шоҳиданд, ки ин марди фарзона ба қавлаш вафо кард.

Мавсуф ҷони худро дар хатар гузошта, барои барқарор намудани сулҳу амонӣ ва баргардонидани гурезагон ба Тоҷикистон ба давлати ноороми Афғонистон сафарҳо намуданд, бо роҳбарияти неруҳои мухолифи тоҷик суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Паҳлуи дигари муваффақиятҳои ин абармарди арсаи сиёсат ин аст, ки дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушду нумуъ кард.

Таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ  ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи он ҳадафҳои миллие мебошанд, ки мардуми тоҷик бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз барои пурра даст ёфтан ба онҳо ҷаҳду ҷадал карда истодаанд.  

Дар арасаи ҷаҳонӣ бошад, Тоҷикистон ба ҳайси як давлати соҳибихтиёри демократӣ ва рӯ ба рушд шиносоӣ гардидааст. Аз ин масири пурифтихор зикри мисолҳои зерин кофианд, ки обрӯву нуфузи Тоҷикистон возеҳ баён шавад: қабул гардидани чор қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ вобаста ба масъалаҳои ҳалли масоили об, баргузории конфронс ва симпозиуму панелҳои сатҳи баланд дар Душанбе, баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои созмонҳои минтақавиву ҷаҳонӣ , аз ҷумла, ИДМ, СААД, СҲШ.

Хуллас, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз чеҳраҳои ташаббускор ва намоёни таърихи имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Зимнан, аз ҳамватанони азиз даъват мекунам, ки 11-уми октябри соли 2020, ки рӯзи итихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст, фаъолнокӣ нишон диҳанд, чунки интихобот нишонаи рушди демократия ва мавқеъгирии сиёсии шаҳрвандон дар ҷодаи идораи давлат мебошад.

Сайёра Ҳусейнова, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg