БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лолазор 1-2” вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Элмуродов Умед сардори идораи обӣ нӯшокӣ, Мамашарипов Нодир раиси ташкилоти ибтидоии  деҳаи Лолазор 1, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шарофзода Ҳомидҷон ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Замонов Азиз иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 гуфта шуда, нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даҳ соли оянда ба ҳозирин шарҳ дода шуд.

Иштирокдорон дар навбати хеш баёд доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg