А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо фаъолони ҳизбии Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва Муминзода Мастура Табарӣ муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои истиқлолият ибрози ақида намуданд.