БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ТАБЛИҒОТЧИЁН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар раванди мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ, фаъолону собиқадорони ҳизб, аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва вакилони ҷамоатӣ семинари омӯзишӣ гузарониданд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар рафти семинари омӯзишӣ ба иштирокчиён ҷиҳати ба мардум инъикос намудани фаъолияти ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа ва саҳмгузор дар рушди Тоҷикистон, тарғиби дастовардҳо дар натиҷаи амалисозии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2013-2020 дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳамзамон, ба таблиғотчиён дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ ҷиҳати пурра истифода бурдани иқтидори мавҷудаи аъзои ҳизб ҳамчун захираи стратегӣ ва зиёд намудани ин иқтидор тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд, инчунин барои пурра истифода намудани афкори мавҷудаи мусбии мардум оид ба номзади ҲХДТ дар рафти гузаронидани корҳои таблиғотӣ мусоидат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg