БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ МОСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар бинои хонаи фарҳанги маркази ноҳия бо интихобкунандагони маҳаллаҳои Балхӣ, Спитамен, Ғафуров ва Хайрободи Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Сатторзода Ширинмои Абдулмумин иштирок доштанд.  Ҳамчунин, дар ин ҷамъомад гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ низ иштирок доштанд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод пеш бурда, муфасал вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баромад намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ таҳти сарварии Раиси муаззами он, шахсияти камназири таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёри, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёни изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.

Сипас, суханро ба Ализода Аҳмадҷон роҳбари гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ доданд. Мавсуф дар баробари гуфтаҳои Ҳасанзода Тағоймурод иброз доштанд, ки ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бо мароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg