ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори беморхонаи марказии ноҳия бо интихобкунандагони маҳаллаҳои Берунӣ, Ҷомӣ, Сомонӣ, Баҳор Борбади Марвазӣ ва Хайёми Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ мулоқот доир карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Сатторзода Ширинмои Абдулмумин иштирок доштанд. Ҳамчунин дар ин ҷамъомад гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ низ иштирок доштанд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод кушода, муфассал вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад кард. Сипас, Ализода Аҳмадҷон роҳбари гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ дар тақвияти баромади Ҳасанзода Тағоймурод суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои ҲХДТ дар даврони соҳибистиқлолӣ изҳори андеша карда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар раванди баргузории чорабинии сиёсии дарпешистода- интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзанд.
Инчунин, дигар аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар ин чорабинӣ вобаста ба масъалаи ба миёнгузошташуда изҳори андеша намуданд.