Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон корҳои ободонию созандагиро бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба роҳ мондааст. Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо ҷалби аъзои ташкилоту муассисаҳо, кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, ихтиёриён (волонтёрон) дар Аксияи “Тозагии соҳил”-ро дар кӯчаи Бадахшон баргузор намуда, ҷӯю обравҳо, роҳҳои кӯча тахту ҳамвор ва партовгоҳҳо аз партофҳо тоза карда шуданд. Чунин ободкориҳо ба симои кӯчаи мазкур, аз ҷумла маркази ноҳия ҳусни дигарро зам намуд.