Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи асосии аҳли ҷомеаи кишвар ба пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус равона шуда бошад ҳам, дар ҳамаи навоҳии кишвар марди деҳқон дар баробари андешидани тадбирҳои судманд оид ба пешгирии ин беморӣ, ба парваришу рӯёнидани зироатҳои гуногуни киштнамудааш, ҳамзамон бо ҷамъоварии сабзавоту меваҷот ва ғалладонагиҳо машғул буда, аз файзу баракати ҳосили ба даст овардааш рӯзгори худро таъмин менамояд.
Даъватҳои зарурӣ ва саривақтии Сарвари давлат оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замину аз он рӯёнидани ду- се ҳосили зироат ва захираи 2 солаи озуқавориро аҳли заҳмати ноҳияи Носири Хусрав сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи, аз ҷумла аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо интихобкунандагони деҳаи 20- солагии Истиқлолияти Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро оид ба самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, пешгирӣ ва риояи қоидаҳои гигиенӣ аз коронавирусро фаҳмонида доданд.
Инчунин, ба сокинон ба миқдори 1 килограмм маҳлули гипохлориди калсий барои безараргардонӣ ва 135 адад ниқоби тиббӣ тақдим карда шуд.