ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза бо сокинони кӯча ва маҳаллаҳои ноҳия ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоие, ки бо сабаби пайдо ва паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус бештари давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, зарурат ва фоидаи истифодаи самараноки заминҳои дар ихтиёрдоштаи наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро мефаҳмонанд.
Чунин вохӯрӣ ва суҳбати судманд оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки замин бо сокинони маҳаллаи Хонақои Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд. Мушоҳидаҳо аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон нишон дод, ки онҳо ба дарки масъала рафта, аз замин хеле самаранок истифода намудаанд. Дар заминҳои ҳамаи 65 нафар сокинони маҳалла, ки ба онҳо суҳбат гузаронида шуд, тамоми анвои маҳсулотро дидан мумкин аст.