ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо сокинони маҳаллаи Санговаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.
Дар суҳбат талаботҳои беҳдоштӣ ва роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ, аз ҷумла беҳуда дар ҷойҳои серодам сайру гашт накардан, ҳангоми суҳбат фосиларо нигоҳ доштан, дар кӯча, ҷойи кор истифодаи ниқоб ва дигарҳоро фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки ҳама новобаста аз он ки солим аст, бояд ин талаботҳои беҳдоштии шахсиро қатъӣ риоя намоянд. Зеро хунукназарӣ боиси сироятёбии дигарон мегардад.
Дар суҳбатҳои доирнамуда 78 нафар сарварони оилаҳо иштирок намуда, дар бораи ҳифзи саломатии худ ва аҳли оилаи худ маълумот пайдо намуданд.