БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ИНТИХОБОТ АДОИ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВИҶДОНИСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҳамзамон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз  ҲХДТ бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо масъулин иброз доштанд, ки шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан, интихоб кардан, инчунин, аз синни 30 солагӣ ҳуқуқи интихоб шуданро доранд. Иштирок дар интихобот - ин иштирок дар ташкили ояндаи худ аст. Тариқи иштирок дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ мо садоқати худ, дастгирӣ аз сиёсатӣ давлат ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро нишон хоҳем дод.

Ҳамзамон, аз тарафи масъулин варақа,  таъкидҳо ва ба ашхоси ниёзманд ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg