ВОКУНИШ. Имрӯз чун дар арафаи боз як маъракаи муҳими сиёсӣ қарор гирифтани давлати соҳибистиқлоли тоҷик, зери сиёсати Пешвои муаззами миллат ва халқи олишону хирадмандаш боиси иғвою дассисаҳои навбатии хоинони миллат, хосса наҳзатиҳои палид қарор гирифтааст, ки аз сурохиҳо сар бароварда, тавассути сомонаҳои интернетӣ садо баланд намуда истодаанд ва санг ба сӯйи ҳамватанони хеш мезананд. Санги маломати наҳзатиҳо имрӯз ба сӯйи давлату Роҳбари Олии давлат нест, он санг ҳавола сӯйи халқи Тоҷикистон аст, зеро ки давлат ҳамон халқ аст, халқи бонангу номус ва куҳансолору тамаддунофари тоҷик.
Рисолати ватандории хеш медонам, ки бори дигар ба гӯши кари хираназарони наҳзат бихонам, ки Тоҷикистон ҳам сарзаминест, ки шумо бо дастгирии хоҷагонатон ба хоку хун соле оғушта кардеду миллатро ба куллӣ аз байн бурда будед. Миллати парешону Тоҷикистони вайрони манро маҳз ҷавони чилсолаи ватандору ватандӯсти миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъу бунёд сохт. Пас месазад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари фарзонаву фидокор ва арзандаву ояндадор муаррифӣ намуд. Фаъолияти густурда ва амалҳои созандаи Пешвои миллати Тоҷикистон боиси кибру ғурур ва бахилии наҳзатиҳои хоин ва хоҷагони ба онҳо маълумашон мегардаду садои худро баланд месозанд.
Садҳо маротиба гуфтаму боз ҳам мегӯям:
Барои ҳамаи мо боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯзҳо бо эътимоди комил ва шарафи бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти амалкунандаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудаем.
Воқеан ҳам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошу заҳматхои худ, фидокорӣ, ғамхориҳои бесобиқа нисбати халқи Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои созандааш ба мақому манзалати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сазовор гардидааст.
Маҳз аз баракати Истиқлолият миллати тоҷик пас аз муборизаҳои тӯлонӣ барои ҳувияту озодӣ, сарнавишти худро ба даст гирифт ва соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид. Мо ҳар як узви ҳизб ва ҷонибдорони ҲХДТ ба кору пайкори Раиси ҳизбамон, ки дар саргаҳи ин таҳаввулоти барои миллат сарнавиштсоз устувор истода, барои аз вартаи ҳалокат ва маҳвшавӣ наҷот додани давлат ва миллати азизамон ҷонбозиҳо намуданд, ҳамеша арҷ мегузорем ва ҷиҳати ҳифзи ин аризишҳои беназири бадастомада, тамоми неруву иродаи худро равона месозем.
Дар давоми се даҳсолаи охир мо тоҷикистониён дар марҳалаҳои пурпечутоби таърихи муосир миллати худро муттаҳид ва давлати соҳибистиқлоли худро асос гузошта, дар ин раванд, мавриди озмоишҳои ҷиддӣ ва мураккаб қарор гирифтем. Аз кишваре, ки ихтилофи дину мазҳаб, маҳал ва сангарнишинии гурӯҳҳои сиёсӣ онҳо қисмат карда буд ва буҳрони шадиди иқтисолии солҳои навадуми асри гузашта ба заиф шудани он замина гузошт, имрӯз ба яке аз кишварҳои фазояш амну ором ва аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд карда табдил ёфтем.
Раванди интихобот, ки мураккабу пурҷараён аст, масъалаҳои мухталифро пеш мегузорад, ки ҳалли онҳо ва ба инобат гирифтани онҳо талаби рӯз аст. Махсусан, дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои демократиро собитқадамона пайгирӣ менамояд, рӯ овардан ба интихобот ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузург ва умуман, инкишофи ҷомеа амри воқеист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад».
Дар муддати ҳафт соли татбиқи ин барнома суботу амният ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар таҳкиму густариш ёфта, Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари амну осуда дар ҷаҳон эътироф намуданд. Зимни чандин назарсанҷиҳо ва раддабандии созмонҳои байналмилалӣ, новобаста аз авзои мураккаби сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, кишвари мо ба ин баҳои баланд сазовор гаштааст.
Маҳз ҳамин омил сабаби рушду инкишофи ҳама самту соҳаҳо дар мамлакат гардидааст. Дар ҳафт соли охир, рушди иқдисодиёт ба ҳисоби миёна ҳар сол дар сатҳи 7 дарсад таъмин шуда, ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,6 маротиба афзуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди суръати рушд ба ҳисоб меравад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд.
Даромади пули аҳолӣ беш аз 2 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд шуд.
Дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва бо сифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардида. Сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бамаротиба зиёд гардид.
Тибқи амалишавии барномаи мазкур зарфи ҳафт сол дар тамоми самтҳои фаъолияти кишвар, аз ҷумла соҳаҳои тандурустиву маориф, варзишу кор бо ҷавонон, занон ва оила, энергетика, саноату сохтмон, кишоварзӣ ва равобитҳои байнидавлатҳо пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад.
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳафт соли минбаъда яъне солҳои 2020-2027 Барномаи мукаммалеро таҳия ва пешниҳод намудааст, ки баъд аз пазируфтани номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ хоҳад гардид.
Мо ба нерӯю тавоно ва донишу маҳорати мардум итминони комил дорем ва бовар дорем, ки дар рӯзи интихоботи навбатӣ, яъне рӯзи 11 октябр ба тарафдории номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона овоз медиҳем.
Поянда бод нерӯи созандаи халқи Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон