БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ИМКОНИЯТИ - САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ ДЕМОКРАТИЯ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суҳбату вохӯриҳоро бо интихобкунандагон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Дӯстии  Ҷамоати деҳоти Навобод дар саҳро ҳангоми  чиниши пахта бо саҳмдорон баргузор карданд.

Дар вохӯрӣ аъзои зергурӯҳ иштирок дошта,оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  вусъат гирифтани  раванди созандагӣ нишонаи возеҳи  боло рафтани  ҳисси  ватандӯстӣ дар миёни аҳли ҷомеа мебошад. Зеро дар ин раванд  шаҳрвандони кишвар сиёсати Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва  иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Сипас, дар навбати худ чанде аз иштирокдорон нисбат ба пешрафту ободии кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки пешбарӣ гардидани  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо мардуми тоҷик боиси ифтихору сарфарозист ва мо ҷонибдори сиёсати  пешгирифтаи Роҳбари давлат мебошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg