ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии “Наврӯз”, “Ваҳдат” ва “Ориёи”-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба Барномаи пешазинтихоботӣ барои 7 соли ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дар назардошти дурнамои 7 соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.