БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДОН ВОБАСТАГӢ ДОРАД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи  таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки сокинони кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод  мулоқот вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи  таблиғотӣ вобаста ба масъалаи мазкур суханронӣ намуда, зикр карданд, ки  пешрафти босуботи иқтисоди мамлакат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи татбиқи ҳуҷҷатҳои  қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла “Стратегияи баланд бардоштани саттҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, “Барномаи миёнамуҳлати  рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, Стратегияи  идоракунии  молияи давлатӣ барои  солҳои 2009-2018” ва дигар  барномаҳои  давлатӣ таъмин гардидааст.

Инчунин,  иштирокчиён Холов Юсуф ва Маҳкамов Шодиҷон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин таклифу дархостҳо пешниҳод намуда,  ба дархостҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg