ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва инчунин,оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин атрофи мавзӯҳои зикргардида андешаронӣ карда, аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки ҳама дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем.
Инчунин, ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Инчунин, дар масъалаи пешгирӣ аз бемории коронавирус ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.