БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - ИФОДАИ ОЛИИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кӯшониён оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ  бо сокинони кӯчаҳои И. Сино, М. Турсунзода, Б. Ғафуров, С. Айнӣ, Баҳор, Ҳ. Раҳимов ва Ф. Абдуллоев вохӯрӣ доир намуданд.

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкилу баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастовардхои замин соҳибистиқлолӣ  ва пешрафту тараққиёти Ватан-Тоҷикистони азиз андешаронӣ карда, шаҳрвандонро ба  амалҳои  неку созанда, иштироки фаъолона дар рузи интихобот ҳидоят карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg