БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ВА ИНТИХОБОТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар участкаҳои  интихоботии № 17 доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботӣ оянда ва ҳамчунин дар асоси Барномаи пешазинтихоботии номзаб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҲХДТ Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  андешаронӣ карда, қайд  намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад ва раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил додааст ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ  ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҳизби моро нишон медиҳад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg