БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шарҳу тавзеҳи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеа дар маҳал

ВОСЕЪ. Дар маҳаллаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Рӯзигул Қурбонзода вохӯрӣ доир гардид.

Сараввал масъулин  аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони чирадасти маҳаллаи номбурда дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд ва барои  аз нав зинда гардонидани анъанаҳои ниёгон изҳори миннатдорӣ баён карданд. 

Баъдан  Орзу Ҳамидиён  дар назди иштирокдорон муҳтавои  мулоқоти Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ бирасем.

Инчунин, мавсуф оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда,  ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлат, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ҳидоят  кард.

Дар охир  ба иштирокдорон фарорасии моҳи мубораку шарифи Рамазонро шодбош гуфта, ба онҳо зиндагии шоиставу рӯзгори осударо дар фазои тинҷу ороми кишвар таманно намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg