ВОКУНИШ. Дар бораи аъмоли нопок ва ниятҳои муғризонаи аъзои ташкилоти террористии нахзатиён зиёд гуфтаанду навиштаанд. Имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои онҳо боз як бори дигар чеҳраи аслии ин тоифаро ба мо амиқтар намуд. Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз ҳар сокини кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад. Дарк бояд кунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд ва ба сатҳи фаҳмиши шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилоти террористии зикршуда тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро дошт. Биноан аз имконоти фароҳамнамудаи конунгузории ҶумҳурииТоҷикистон, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо иҷозаи фаъолиятро ба ягона ҳизби исломӣӣ дар минтақаро дода буд, суистифода карда, хеле зуд хешро дар арсаи сиёсат аз ҳизбҳои калидӣ пиндошт ва бозии хатарнокро оғоз кард. Аз кумакҳои хоҷагони хориҷии худ ком бардораду ниятҳои муғризонаи худ ва хоҷагони хориҷиашро амалӣ намояд. Имрӯз дигар ба касе пинҳон нест, ки роҳбарони фирории ТЭТ ҲНИ аз ҳиллаҳои нав ба нав кор мегиранд ва дар ин самт пеш аз ҳама такя ба ташкилоту созмонҳои гуногун мекунанд. Имрӯз аз дур истода пешравию дастовардҳои кишвари моро нодида гирифта лофи ватандӯстию ватандорӣ мезананд. Яке аз онҳо Муҳаммадиқболи хоин мебошад, ки худро дӯстдору дилсӯзи миллат гирифта, аккос мезанад. Ин хоини ватанфурӯш нағз медонад,ки аккосаш беҳуда аст.
Миллати тоҷик хуб дарк намудааст, ки ба ки овоз диҳад, киро интихоб намояд. Ин кӯрнамак ва ҳаммаслаконаш тинҷиву оромии кишвар, пешравию гулгулшукуфоии кишварро дида, кирми бухлу хасад дарун дарунашонро хӯрда истодааст.
Агар 3 панҷсола он тараф истад 10 панҷсолаи дигар бошад мардуми тоҷик як нафарро интихоб мекунанд. Мардум хизматҳои Сарвари давлатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Иқболи хоин шарм аз он намекунӣ, ки даъвои ватандорӣ мекунӣ. Чи хизмате ба мардум кардӣ? Дар мушкилтарин вазъият , ки муҳоҷири тоҷик қарор дошт, чи гуна дасташро гирифтӣ. Бо кадом рӯй худро дӯстдори Ватан мегирӣ. Танҳо кӯрдилу ҳасуде мисли Иқболи хоини миллату Ватан ва дигар наҳзатиҳои хиёнаткор заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифтаву ин кӯрнамаку ҷоҳил, чоплусу хоини Ватан, номи миллати барӯманди тоҷикро доғдор менамоянд. Чаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад.
Мардуми сарбаланди тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки миллатамонро ба василаи ин паноҳандаҳои ифротӣ ба мисли Иқболи ҳасадбару иблис шиносанд. Миллати тоҷик шарм медорад аз чунин фарзандони хоину ватанфурӯш. Беҳуда худро азоб надихед!
Дилафрӯз Сироҷиддинова, директори МТМУ № 17-и ноҳияи Ёвон