ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз баҳри ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тарғиби моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баргузории интихобот дар толори қасри Фарҳанг бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл мулоқоти судманд доир гардид.
Дар рафти мулоқот аъзои гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотӣ дар бораи дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони Истиқлолият андешаронӣӣ карда, ҷамъомадагонро барои саҳгузоштан дар рушду тараққиёти Ватан ва иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот даъват намуданд.