А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод барои саривақт амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавию Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон кори хуби роҳбари Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муминзода Мастура Табарӣ дар самти ташкил намудани гурӯҳи тарғиботӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд.
Инчунин, барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” раиси ташкилоти ибтидоии “Калинин” Мирзоев Шомурод ва раиси ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” Расулзода Дӯстмурод бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.