БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ОМОДААНД ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ИШТИРОК НАМОЯНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар маҳаллаҳои  ба номи Абӯалӣ Сино ва Сайдалӣ Вализодаи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук доир карда шуд.

Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда,

қайд карданд, ки интихоботи ошкоро, шаффоф, озод, дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун баргузор намудани он, василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва иродаи шаҳрвандон дар давлат ва ҷомеа мебошад.
Иштирокдорон дар навбати хеш баёд доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg