АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омада, бо кори кишоварзон аз наздик шинос шуданд. Дар деҳаи Мирзоободи Ҷамоати деҳоти Калинин бо иштироки Сарвари давлат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи А. С. Пушкин, ки дуошёна мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар саҳни муассисаи таълимии мазкур Пешвои муаззами миллат бо мардум мулоқоти судманд анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфтанд.
Президенти мамлакат, аз ҷумла зикр намуданд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сол ба сол тараққӣ карда, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Дар ин вохӯрӣ собиқадорони меҳнат ба сухан баромада, аз муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азиз сухан карда, гуфтанд, ки ободии диёр ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти бузург музди меҳнат, нафақапулӣ ва даромади мардум зиёд шуда истодааст. Сохтмонҳои азим, ба монанди нақбҳои «Истиқлолу” «Шаҳристон» ва «Хатлон», корхонаҳои саноатӣ, шоҳроҳҳо, неругоҳҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда–2», силсиланеругоҳҳои хурду миёна, биноҳои табобатию таълимӣ, истиқоматӣ ва ду агрегати калонтарин дар минтақа неругоҳи барқи оби «Роғун» дар давраи сарварии ӯ мавриди истифода қарор гирифтанд. Симои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба куллӣ дигаргун гаштааст.
Иштирокдорони вохӯрӣ изҳор намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро дастгирӣ мекунанд ва аз Худои муттаол талаби онро карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша соябони сари онҳо бошанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои худро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Вале дар байни онҳо арзандатарину сазовор ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат Эмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 28 соли Сарвари давлати Тоҷикистон буданашон обутоб ёфта, ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Қаҳрамони Тоҷикистон, дӯстдори кулли мардуми шарифи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат ҷонфидои халқу Ватани азиз - Тоҷикистон буд, ҳаст ва ҳамин тавр ҳам мемонад.
Сафармуҳаммад Зарифӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ