ВОКУНИШ. Душманону нотавонбинони миллати мо, дар қолабҳои шахсиву гурӯҳӣ ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа мисли “Хамелион” рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дурӯғафканӣ бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеии Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, латма ва доғ ворид кунанд ва бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст. Касе ба суханони пучу бебаънӣ ва бебунёди онҳо гӯш намедиҳад ва агар диҳадам мисли тамошои мазҳакаи навбатии гурӯҳи ҳаҷвӣ ва ё зери номи “Хоинони миллат” назар меандозаду як дамаке аз ин сӯзиши пур аз манфиатхоҳии шахсии хоинон фаротар бохабар мегардад. Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои қолабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд.
Ҳар шахс ва шахсияте, ки иродаи солим дорад, ба ҳар тарзе зери шуури худ суолеро ба миён меорад, ки оё рӯзе мешуда бошад, ки ин гурӯҳчаҳои бо ном мухолифин ва зери пардаи “наҳзат” паноҳбурда, аз андешаҳои нигилистии худ даст кашанду афкори солимро пеша карда, ба ҷои он, ки дассисаҷӯйи кунанд ба фикри андешаи ифтихори миллӣ афтида, дар бунёди Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ кунанд. – ... Худо медонаду иродаи нотавонбинонаи онҳо!
Такрорам шавад ин ҷо ёдоварӣ муҳим аст, ки воқеан ҳам, имрӯзҳо бо ном мухолифони Ватан, ки зери чатри хоҷагонашон бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби сайёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони Ватан аз ин туҳфаи Офаридагор фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд.
Мо ҷавонони зодаи Хатлон, чун ҳама ҷавонони кишвар, дар фазои амну осоиш кору фаъолият намуда, аз ба ном “андеша”, “афкор”-(нопок) “ақида” “хулоса” “таҳлил” “изҳорот”-и ташкилоти ифротии “Паймони миллӣ” ва андешаҳои муғризони роҳбари ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом Кабирӣ ва ҳама думравонаш, (дар қолабҳои таҳияшудаи гуногун бояд ҷиддан огоҳ бошанд) ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, чунин иғвобарангезиро шадидан маҳкум мекунем.
Чанде пеш низ ин хоинони кишвар ҳодисаи ҳамагирӣ бемории КОВИД-ро чун дастак истифода карда, хостанд, ки рӯи ин миллат ва бо ин масъалаи ҳассос фитнаангезӣ кунанд, ки аз ҷониби ҳама сокинон ба вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ гардиданд, ки ҳаққи ҳалолашон буд. Мо аминем, ки ваҳдат - беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯъ ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.
Хушбахтона, имрӯз ҳама сокинони мамлакат, ҳар як фарди худогоҳу меҳанпараст хуб дарк мекунад, ки ҳадафи ин гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар васила сиёҳ кардану бад гуфтан мебошад, ҳамон гуна, ки қалби худашон ба мисоли ангиште, ки мо ҳамчун сӯзишворӣ торик аст. Пас хулоса кардан дуруст аст, ки арзиши онҳо низ ҳамин миқдор мебошад. Миллати тоҷик дар гузаштаи таърихи пурфоҷиаву ибратомӯзи худ борҳо ба рӯзгори ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори шикастҳои бузурги давлатдорӣ гаштааст. Гузаштагони мо ин шикастҳоро паси сар карда, марзу буми худро дубора обод сохтанд. Ва ин рисолатро мо ҷавонон, имрӯз ҳамчун номуси миллӣ дар бағал дорем! Мо Созандагони Ватан, давомдиҳандагони пайкори неки гузаштагон ва Созандагони имрӯзи Тоҷикистон эҳсос менамоем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта бо чӣ натиҷаҳо ба анҷом расид. Кӣ аз он зарар дид, барои кӣ манфиатовар буд, мардум инро хуб дарк намудаанд. Ин ҳодисаҳои нангин дар таърихи Тоҷикистон абадӣ ва бо хатҳои сиёҳ сабт гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон қадамҳои устувори худро дар роҳи рушди босуръати иқтисодӣ, саноатикунонӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ гузошта истодааст. Дар ин масири нек, вазифаи дигари мо ҷавонони саодатманд ҳамқадам будан ба раванди тозаву ҷадиди асри нав ва рушди миллӣ, яъне сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои асри 21 ва тоҷикони ҷаҳон, Сарвари хирадманду адолатхоҳамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будан аст!
Сохтори Конститутсияи мо мушаххас кардааст, ки Тоҷикистон мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари некбину дурандеш ва созандаву бунёдкораш ба он равона гардидааст ва тамоми кӯшишу ғайрати худро аввалан барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ ва баъдан баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бо роҳандозии ташаббусҳои бузургу беназири умумимиллӣ ва муҳими глобалӣ равона шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас то ин замина амалӣ гардидааст.
Бояд ҳар як ҷавони мо хуб бидонад, ки оромию осоиштагӣ ва озодии кишвар як бойигарии бузург, беқиёс ва нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзӣ ва хастанопазирӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ба қадри ин неъмат ва арзишҳои миллӣ бояд бирасем!
Мо, ҷавонон бо дарки масъулияти мақоми созандаи худ дар ҷомеа аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват мекунем, ки мисли ангуштони дастони худ, шохобҳои пурҷӯшу хурӯши дарёҳои сармасти ҷавону равони Тоҷикистон ва фарзандони як модару як миллат зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид бошем, ба роҳ ёфтани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ роҳ надиҳем, иғвоангезиҳои сохтаву қолабиро маҳкум намоем, ба ояндаи неки Тоҷикистони маҳбубамон хушбин бошему ҳар яке аз мо дар ҷойи кори худ содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона барои ин сарзамаин ва ин миллату сокинон заҳмат кашем.
Мақсаду мароми мо ҷавонон ва Иттифоқи ҷавонон боз ҳам густариш додани сарҷамъӣ, иттифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлони хушбахти ин миллати куҳанбунёд, осудагии ҳама тоҷикону тоҷикистониён мебошад. Ҳаргиз намегузорем, ки як зумраи бадкинон ва хоинони Ватан бо ақидаҳои ботили худ мардумро, махсусан ҷавононро, гумроҳ созанд. Дар ин роҳ бояд бо номуси миллӣ, устувор бошем!
Моро мебояд, ки бо ақли солим ва рафтору гуфтори оқилона ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоқикистон, қиблаи умеди ҳама тоҷикистониёну тоҷикони рӯи олам қадам мезанем, то ваҳдату ҳамдилӣ, Истиқлоли давлатӣ пойдор ва ягонагии мардумро ҳифз ва устувор нигоҳ дорем!
Мо ҷавонон, ҳама бадбахтиҳое, ки ин миллати бузургу тамаддунофар, ки ном онро тоҷик ва Тоҷикистон аст, аз сар гузаронидааст дар рӯҳу ҷони худ озмудаем ва ҳеҷ гоҳ ба хатокорӣ роҳ намедиҳем. Ҳушёру зирак ва муҳофизи арзишҳои миллӣ мебошем!
Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон