БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАНСАБТАЛОШОНУ ҶОҲХОҲОН ҲАМЕША ДАР ПАЙИ НООРОМ СОХТАНИ ТОҶИКИСТОНАНД

ВОКУНИШ. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  ва Истиқлолият ба даст овардани ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда, тағйироти куллӣ дар ҳаёти мардуми собиқ шӯравӣ ба вуқӯъ омад. Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида,  ки мехост қадамҳои  нахустини  худро  баъд аз 70 соли  тобеъият дар ин ҷамоҳир ба пеш гузорад. Гирифтори кашмакашу низоъҳои динию мазҳабӣ ва маҳалчигӣ  гардиданд. Бадхоҳону мансабталошон аз ин фурсат  истифода бурда, тухми  фитнаро  дар байни  мардум коштанд. Маҳалгароию бадбинӣ,  қавмгароӣ ва миллатпарастӣ вусъат гирифт. Аҳолии як минтақа аз гиребони минтақаи дигар гирифт, ҳатто ҳамдигарро ба кофир ва мусалмон набудан гунаҳкор дониста, кушторҳои бераҳмонаро содир менамуданд.

Вазъият хеле мураккабу даҳшатнок гардида буд. Шумораи аҳолии гуруснаю  бе хона  рӯ ба афзоиш  ниҳоду муҳоҷирони  иҷборӣ Ватани аҷдодии хешро  тарк  намуда, ҷони азизи  худу  пайвандонашонро  рӯи  каф гирифта, ба давлатҳои ҳамсоя фирор намуданд.

Ҷавонони гумроҳшуда ба кадом самт рӯй овардани худро надониста, қурбони дассисабозӣ ва ҳадафи фитнаангезони давр гашта, қувваи созандаю бунёдкоронаи худро дар айни камолоти умр аз даст медоданд. Ашки модарони фарзанд куштаву тифлони бепарастормонда ҷорӣ гашта буду фиғони мардуми мусибатзада домони фалакро печонида буд.

Минтақаи мо, ки аз маҳали ҷангзада дуртар қарор дошт ва имконияти иттилоотиаш дар он замон хеле маҳдуд буд, хабарҳои даҳшатбор ҳамарӯза аз даҳон ба даҳон гузашта воҳимаангезтар  мешуд. Дар ҳар деҳа ё маҳала 3-4 телевизион мавҷуд буд, ки аҳолӣ  дар гирди онҳо бо чашми гирён гирд омада, хабарҳои ҳарӯзаро тамошо мекарданд. Гузоришҳои телевизионӣ аз маросимҳои ёдбуди ҷавонон ва ба хок супоридани ҷасадҳои шасиятҳои маълуму  маъруфи Тоҷикистон, олимони соҳаҳои гуногун, сиёсатмадорони қавиирода  ҳамарӯза  пахш мегардид. Касе  агар мехост, ки пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзу бародаркушро бигирад, аз тарафи мухолифони кишвар кушта мешуданд. Радиои  Тоҷикистон пас аз пахши оҳанги чандинкаратаи ғамангез хабари марги олим ё фозилеро ба мардум мерасонид.Бадхоҳони миллат барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаи худ чун кирм решаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро мешикофтанд. Тоҷикистон ба шохаҳо тақсим  карда  шуда буд ва шамоли  кинаву адовати динию мазҳабӣ шохаҳоро ба ҳам кӯфта, ғурраҳои хоми норасида дар айни камолот ба хок яксон мегардиданд. Қатлу куштори бераҳмона, ғоратгарӣ, дарбадарию гуруснагӣ меафзуд. Ҳангоми ҷамъомаду маъракаҳо мардум хамдигарро, коммунист, демократ, ваҳобӣ, ҷадид, растохез гуфта, таҳқиру таҳдид мекарданд ва бе он ки худ ба маънию мантиқии ин вожаҳоро дарк намоянд ба сӯи ҳамдигар санг меандохтанд.Мафкураи мардуми баъзе маҳал то он  ҳад ба ҳам зада буд, ки таҳсил дар мактабҳои миёнаи умумиро куфру бидъат мешумориданд. Аксар мактабҳои миёнаро дар маҳалаҳо сангборон карда, ба харобазор табдил дода буданд. Моликияти давлатию ҷамъиятӣ ҳамчун ғанимати муфту   беаҳмият тасарруф ва ғорат карда мешуд. Ёдам ҳаст, ки чи қадар чорвоҳои калони бо заҳмат парвариш намудаи давлатиро «калтаҳои Мансур »-и замони ҷанги бародаркуш  бо  силоҳ  аз пой  афтонида забҳ мекарданд ва ба «Фронт» мефиристониданд. Иқтисодиёти кишвар рӯ ба таназзул ниҳода, хатари аз байн рафтани давлату миллати бо фарҳанги тоҷик ногузир гашта буд.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид,  фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард. Миллати тоҷик ҳомии худро пайдо намуд. Гурӯҳҳои тундгаро ба ваҳдату ҳамдилӣ даъват гардиданд, силоҳбадастонро водор намуд, ки ҳамдигарро бахшида силоҳӣ худро ба замин гузоранд. Мардуми  парокандашударо  ба  ҳам  овард,  ҳисси нафрату бадбиниро нисбат ба ҳамдигар аз байни аҳолии муқими Тоҷикистон аз миён бурд, муҳаббати инсониятро афзун намуд, чашми мардумро ба сӯи озодии воқеӣ  боз намуд, миллати шарафманду сулҳпарварӣ тоҷик соҳиби фарҳанг аз  вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Акнун васоити ахбори омма  гузоришҳоро аз ҷараёни супоридани силоҳҳои оташфишон, баргардонидани гурезаҳо, ҷо ба ҷо намудани мардуми бехонумоншуда пахш менамуд, ки аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медод. Нолаҳои ҷонгудози модарони чашм дар роҳи фарзандони бурунмарзиашон,  ки таввасути барномаи «хоки Ватан»-и радиои Тоҷикистон пахш мегардид, тадриҷан кам гардидан гирифт.

Маҳз сиёсати хирадмандона ва сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки мухолифини давлату миллат паси мизи музокирот нишинанд ва роҳи росту ҳамдигарфаҳмиро пеш бигиранд. Аз як тараф сиёсати сулҳхоҳонаи Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи дигар бошад ҳамдигарфаҳмии мардуми ба доми найранги мухолифин афтодаи тоҷик боис гардид, ки сулҳи тоҷикон барқарор шавад. Мухолифини кишвар аллакай эҳсос намуда буданд, ки такягоҳи асосии худро, ки аз мардуми ба дом афтода иборат буд, аз даст дода истодаанд ва эътимоди мардум рӯз аз рӯз коста гардида ба зудӣ пушти онҳоро раҳо хоҳад кард. Ва замоне наҳзатиён мехостанд  дар Тоҷикистон давлати исломӣ барқарор намоянд ва миллатҳои муқимигаштаи Тоҷикистонро, ки дину оини мухталиф доранд, дар солҳои 90-ум аз кишвар пеш кардани ҳам буданд ва дар ин самт низ  фаолияти чашмрас доштанд. Акнун бошад дар давлатҳои ғайриисломӣ ҳамчун паноҳҷӯи сиёсӣ қарор гирифта, боз хадафҳои нопоку нооромкунандаи худро идома доданианд. Гурӯҳҳои мухолифи кишвар, ки дар хориҷ маскан гирифтаанд ва аксарият аз сиёсат хабаре надоранд ҳамчун синамогарон нақшҳои гуногун омода намуда, таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, ки танҳо ҳадафашон коста намудани зеҳни мардум набуда, балки бо ин восита аз хоҷагони ҳориҷиашон маблағ низ ба даст меоранд. Ва ин «сиёсатмадорон» чи ҳодисае, ки дар кишвар ба вуҷуд биёяд, хоҳ сиёсӣ бошад, хоҳ табиӣ мавриди ҳадаф қарор дода   итилооти носаҳеҳ, норавшанро бедалел бо ҳангомаю овозаҳои беасос паҳн менамоянд, ки мақсадашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намудани тамошобин ва аз ин ҳисоб пул кор кардан аст.  Чунин афродро на хабарнигор на сиёсатмадор,  балки блогнавис ё ин ки блогер мегӯёнд. Дар пахши хабар ва суханронии онҳо менигарем на одоби касбии хабарнигории ва хато оини мард будану ҷавонмарди низ риоя намегардад.

Сиёсат ва омилҳои сулҳгароёнаи пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боис ба он гардида, ки маҳалгароӣ  аз байни аҳолӣ нест гардидааст ва ин васила барои расидан  ба  ҳадафҳои муғризонаи мухолиф инкорсоз нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз чихеле, ки дар  шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ҳадафдорон домони муҳоҷирони меҳнатиро гирифтаанд ва мехоҳанд хуро ба ин қишри ҷомеа дилсӯз нишон дода, бори дигар шонси худро имтиҳон кунанд.Аксарияти ин афрод худро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон нишон дода, бад ин васила кисаҳои худро аз ин ҳисоби онҳо пур мекунанд. Ва ин амали онҳо мақоли халқиеро ба хотир меорад, ки мегӯянд: «Кадом гурба аз барои соҳибаш муш шикор мекунад» .  Ҳолон ки 70 дар сади муҳоҷирони меҳнатӣ дод аз дасти корфармоён ва ё ба ибораи дигар пасредникҳо мегӯянд, ки музди меҳнати муҳоҷиронро пардохт намекунанд.

Мавриди зикр аст, роҳбарон ва фаъолони ҲНИ дар бештари суханрониашон шарм надошта, афсӯс мехӯранд, ки созишномаи сулҳро имзо намуданду сулҳ кардаанд. Саволе ба миён меояд, ки онҳо бо ки сулҳ карда бошанд, оё бо миллати худ даст додану аз куштани он даст кашидан боиси афсӯсу пушаймонӣ хоҳад буд? Онҳо киро ҳадафи  худ қарор дода буданд? Агар сулҳ немекарданд аз миллаткушӣ чи ба даст меоварданд? Хизматҳои хирсонаи дар гузашта ба миллати тоҷикнамудаи ҲНИ як умр аз хотири ин миллат нахоҳад рафт ва рафтанӣ ҳам нест. Муҳоҷирони меҳнатии муҳтарами тоҷик бояд як чизро донанд, ки давлату милат ҳеҷ гоҳ онҳоро мадди назар накардааст ва нахоҳад кард. Чихеле, ки ҳамагон медонанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй овардани мардум танҳо падидаи нав ва хоси миллати тоҷик набуда, дар тамоми мамлакатҳои дунё  ин равиш вуҷуд дорад.

Яқубов Аҷикулло,  роҳбари гурӯҳи ихтиёриён (волонтёрон)- и ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg