БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИРОДАИ СИЁСИИ ХАЛҚ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.

Бо ин мақсад дирӯз  дар маҳалаи Ёш-Лелини Ҷамоати деҳоти Туғаланг вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аъзои зергурӯҳ иштирок дошта,оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад суханронӣ намуданд. Зимни суҳбат масъулин оид ба дастовардҳои ноилгардида, дар давоми 7 соли гузашта ва нақшаҳои Барномавӣ дар давраи то соли 2027, дар масъалаи шуғли тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, ҷавонону занон ва варзиш ибрози андеша карда, сокинонро барои иштироки фаъолона  дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Точикистон раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg