ВАХШ.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҷамоати деҳоти 20-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Вахш оид ба рушду тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, бо сокинонвохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ҳабибулло Файзуллоев иштирок дошта, қайд намуд, ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосову дорои ҷойҳои таърихӣ буда,эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи тараққиёт ва пешрафти кишвар буда, аз манфиат холӣ нест, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.
Инчунин, дар рафти суханронӣ мавсуф аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат ёдовар шуда, аз иштирокдорон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард.