ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз дар маҳаллаи ба номи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Садриддин Айнӣ бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз касалии сироятии коронавирус гузаронида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро супориданд.