А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иқдоми навбатии худро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оғоз намуданд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти Яккатут ва раису аъзои ташкилоти ибтидоии “Яккатут” оид ба маҳалли зист гузаронида шуд.
Дар мулоқоти мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи иштироки мардум дар интихобот ва ҳуқуқи ҳар як шахс марбут ба интихобот суҳбатҳо доир намуда, иштирок дар интихоботро аз ҷониби ҳар як шаҳрванд садоқат ба халқу Ватан ва ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ намуд.
Инчунин, дар вохӯрии мазкур Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, нишондиҳандаҳои асосӣ ва заҳмату меҳнатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми фаъолияти кориаш давоми солҳои 2013-2020 ва нақшаю тадбирҳои андешидааш барои солҳои минбаъда ба таври возеҳу равшан ба мардум фаҳмонида шуд.