БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ ВА ОМИЛИ АСОСИИ ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТИСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Сомонии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТР дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баромад намуда,  қайд кард, ки интихоботи ошкоро, демократӣ, шаффоф, озод дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун баргузор намудани он, василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва иродаи шаҳрвандон дар давлат ва ҷомеа мебошад. Инчунин, мавсуф дар идомаи сухан аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки интихоби номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки ҳадафи асосиашон  сулҳи пойдору  таъмини зиндагии шоиста ба шаҳрвандон мебошад, дар рӯзи интихобот фаъолона ишттирок карда, барои пешрафтт ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg