Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ ва аъзои зергурӯҳи якуми назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо интихобкунандагони деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯза суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва зергурӯҳи таблиғотӣ ҳамоҳангсози гурӯҳ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сураё иштирок дошта, оид ба дастовардҳои кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли сарвариашон андешаронӣ карда, қайд намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, аз ҷумла дар сатҳи оливу ҷаҳонӣ ибрати шахсӣ ва иродаи неруманди худ, ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагӣ, рушду нумуи Ватани азизамон ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву буёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Зарур аст, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, аъзои Ситоди пешазинтихоботӣ барои ба даст овардани ғолибият пайваста саҳми худро гузоштанашон лозим аст.
Ҳамчунин гурӯҳхои тарғиботӣ дар навбати худ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо усули “хона ба хона” бо интихобкунандагон дар ҳамаи маҳаллаву деҳоти Ҷамоатҳои деҳот мавриди баррасӣ қарор дода, моҳияти «Барномаи рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум»-ро ба дарки ҳамагон расониданд.