ВОКУНИШ. Имрӯзҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол тибқи Конститутсия ҳамчун давлати демократӣ бо анҷом ёфтани ваколати Президенти интихобшуда интихоботи навро таъин намуда, баргузор менамояд. Ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа моро ба раванду ҳодисот ва зуҳуроти гуногун рӯ ба рӯ мекунад. Маълум аст, ки дар ин лаҳзаи барои миллат хеле муҳим қувваҳои сиёсӣ, аз ҷумла мухолифини давлату миллат, бо истифода аз технологияҳои ифлосу сиёсӣ, ҷиҳати заиф нишон додани қувваҳои сиёсии дар сари қудратбуда муборизаҳои сиёсиро бо фиребу дурӯғи маҳз, бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.
Интихобот барои ҷомеа ва ҳар як субъекти дар он ширкаткунанда чорчӯбаи муайяни қоидаҳо ва муҳлати муайяни вақтро ҳаматарафа муайян ва тақозо менамояд, ки онҳо қатъи риоя шаванд. Бенизомӣ дар интихобот қабул нест. Маҳз бенизомӣ сабаби сар задани ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва аз ин ҳолат истифода намудани қувваҳои сиёсӣ, истифодаи усул усули номақбул, аз қабили назарфиребии сиёсӣ, туҳмату буҳтон задан ба рақибони сиёсӣ, бадномкунӣ ва дигар омилҳое, ки аз доираи ахлоқ берун мебошад, роҳандозӣ намуда, интихобкунандаро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд.
Шаҳрвандон ҳамчун сарчашмаи ҳокимият бо амалӣ намудани ҳуқуқи интихоботи ҷиҳати ташаккули мувозинати нави қувваҳои сиёсӣ дар давлат овоз медиҳанд. Маҳз халқи Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихоботро доранд ба ин раванди сиёсӣ ворид шуда, ба тарафдории намояндаи пешбаришуда ба мансаби Президенти кишвар овоз медиҳанд.
Маълум аст, ки иддае, аз душманони миллат, бахусус саркардагони ҷиноятпешаи ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, дар мубоҳисаю баромадҳои худ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо нақзи созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳокимияти феълиро гунаҳкор менамоянд. Ҳол он ки аксарияти қонуншиканиҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ шудааст.
Ин душманони миллату Ватан оромиву осудагии халқро намехоҳанд ва албатта , ин ба дассисаву фитнаи хоҷагони берунаи онҳо алоқманд аст. Таърих гувоҳ , ки чӣ гуна бар асари номафаҳмиҳо ва фитнаву найрангбозии доираи муайян ба сари сокинони мамлакат рӯзҳои сахттарину вазнинтарин- ҷанги бародаркуш омад. Бо касофатии ҷанги хонумонсӯз беш аз 1 миллион нафар мардум гуреза шуд, 157 ҳазор мардуми бегуноҳ кушта шуд, дар байни миллат ҷудоандозии минтақаҳои кишварро ба амал оварданд. Ба хоҷагии халқи мамлакат зарари калони иқтисодӣ расида, ҳазорон мутахассисони варзида ҷумҳуриро тарк намуданд. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди он, ки дар муддати кӯтоҳ кишварамон обод шуд, оқибатҳои ногувори ҷанг то ҳол эҳсос мешавад.
Хар як сокини кишвар эҳсос менамояд, ки ташаббускори ин ҳама ободкориҳову пешравиҳо, таъмини сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, ҳамдигарфаҳмии миллат аз ташаббус, заҳматҳои пайвастаи ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар ҷумҳурӣ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо гузашти солҳо мушкилотҳои ҷойдошта оҳиста - оҳиста бартараф шуданд. Кадрҳои маҳаллӣ тарбия ёфта, ба камол расида дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд. Ифротгароёни палиди наҳзатӣ, аз қабили Кабирӣ, Аюбзод, Салимпур, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли онҳо ҳамчунин ташкилотҳои террористии ҲНИ, шабакаҳои террористӣ (“Ахбор Ком», « Паём. Нет», «Ислоҳ.Нет», «Востокнюз», «Озодандешон» ба мардум кумак кардану ёрӣ расониданӣ нест. Гурӯҳчае, ки худро «чеҳраи шинохтаи тоҷик», «саршиноси тоҷик», мешуморад ва дар интернет ҳамарӯза ахбори дурӯғу беасос бофта чоп намуда, рушду пешрафт, зиндагии хушу хурсанд ва аҳлонаи мардуми кишварро нодида мегиранд, танҳо туҳмату ҳар гуна суханони ноодилонаро нисбати Сарвари давлат, Ҳукумат ва роҳбарони Ҷумҳурӣ мезананд, ки аз ҳақиқат фарсахҳо дуранд, бояд дарк созанд, ки ин миллат дигар парешон намешавад ва ваҳдати ин мардум ҳам монанди дарахти азимест, ки дар умқи замин чунон реша давондааст, ки аз ягон ҳаводиси рӯзгор шохааш, баргаш, танааш, решааш дигар осеб нахоҳад дид.
Номзадии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани Х1У Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 3 сентябри соли равон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд. Боиси ифтихор аст, ки нишондодҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли гузашта иҷро гардиданд.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат буда , фарогири се имконияти ҷиддист. Аввал ин ки таҷрибаи бузурги сиёсӣ, собиқаи мукаммали идоракунӣ, нерӯи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёд дорад.
Рӯирост мегӯям, ки Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд ба оламиён муаррифӣ карданд. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон оламиён тоҷики асилро мебинанд. Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дари рӯи олам барои кишварамон кушода шуд. Имрӯзҳо донишу таҷриба маҳорату сарварии Президенти кишвари моро дигар давлатҳо омӯхта истодаанд. Фазилати беҳтарини Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ҳамеша баҳри сулҳу дӯстӣ кӯшиш менамояд.
Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо ин марди Худодод, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои хоксору ғамхору хирадманд бовар дорем, боварии комил дорем, ки дар интихобот мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҷонибдориаш райъи худро медиҳанд.
Азимзода Машҳура Абдуманон, узви гурӯҳи таблиғотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав