ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Соҳибкорони ноҳияи Ховалинг сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати таъмир, азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, фарҳангӣ ва хидматрасонӣ дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Соҳибкорони маҳаллӣ Наҳтуллоев Файзалӣ ва Одинаев Исохӯҷа дар арафаи таҷлили 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даст ба амали хайр заданд. Бо маблағгузории онҳо кормандони Маркази саломатии деҳаи Зардакии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо тавонистанд, бинои муассисаро пурра азнавсозӣ намоянд.
Сокинони маҳалла аз ин иқдоми соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, таманнои онро менамоянд, ки сафи чунин шахсони саховатманд боз ҳам бештару бештар гардад.