ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Ховалинг таваҷҷуҳ ба истифодаи самараноки замин хеле зиёд аст. Алалхусус баъди пайдо шудани бемории сироятии коронавирус, канда шудани риштаҳои иқтисодии байни давлатҳо ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия мардум барои истифодаи ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаашон шабу рӯз меҳнат намуда, ҳосили дилхоҳ пухта расониданд.
Аксар сокинони диёр алҳол аз маҳсули меҳнати худ - пиёзу картошка, караму сабзӣ, бодиринг, кабудӣ, сирпиёз боимҷону помидор, истифода менамоянд. Кормандони Кумитаи иҷроия дар ноҳия ҳамарӯза аз заминҳои дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ боздид ба амал оварда, ба онҳо ҷиҳати ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва захираи дурусти маҳсулотҳои ҷамъоварда маслиҳатҳо медиҳанд. Чунин суҳбату бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд. Дар суҳбатҳои “хона ба хона” бештар аз 85 нафар сокинон иштирок намуданд.