БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОВИД - 19 БА СОКИНОН ФАҲМОНИДА ШУД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории коронавирус бо усули “хона ба  хона” бо сокинони деҳаи Саросёби  Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо суҳбат доир намуданд. 

Дар суҳбатҳои доирнамуда бештар аз 84 нафар сокинони манзилҳои истиқоматӣ иштирок намуда,  дар бораи талаботҳои мутахассисони соҳа оид ба сироят наёфтан ба ин бемории хавфнок, аз ҷумла риояи талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи манзили зист, роҳ ва дигар ҷойҳои гаштугузори одамон, мунтазам машғул шудан ба варзиш ва  ба меҳнати пурмаҳсул дар замин барои обутоби ҷисмонӣ ва  рӯёнидани ҳосили дилхоҳ маълумот пайдо карданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg