БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ИН САДОҚАТ БА ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи нақша – чорабиниҳо оид ба шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №10” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Масъулин  дар баромадашон оид ба аҳамияти иштироки сокинон дар маъраки муҳими сиёсӣ интихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз  ҲХДТ-ро шарҳ доданд.

Дар идомаи суҳбат масъулин дар бораи масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg