БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТИСТ

ФАРХОР. Дар  доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ва ҳамзамон баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи мақсадноки заминҳои корами обӣ бо заҳматқашони ҳоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суҳбат бо сокинон масъулин иброз доштанд, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. 

Чунин натиҷа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,7 баробар, кишоварзӣ 1,5 баробар, савдо 2 баробар ва сармоягузорӣ 2,7 баробар таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд.  Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз 54 ба зиёда аз 70 фоиз расид. Дар ҳафт соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид.  Ҳамзамон, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардида, бо онҳо оид ба солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ суҳбат гузаронида шуд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg