БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТ ФАЪОЛОНРО БА МАСЪУЛИЯТНОКӢ ВОДОР НАМУД

ПАНҶ. Дар  доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ  бо баррасии масъалаҳои таъсиси Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, тасдиқи нақшаи кории Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи кории Гурӯҳи тарғиботӣ оид ба таблғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Файзизода Каримҷон Нозил ҳусни ифтитоҳ бахшида, вобаста баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуда, қайд кард, ки  бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани ин чорабинӣ ва ба низом даровардани раванди омодагиҳо ба интихобот, вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ситоди ноҳиявӣ ва гурӯҳҳои тарғиботӣ ягона ниҳоде мансуб меёбанд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ-ро дар интихобот байни омма матраҳ месозанд.

Вобаста  ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, бобати сари вақт  ва босифат иҷро шудани ҳар як банди нақшаи кории гурӯҳ ва зергурӯҳҳои тарғиботӣ ҳамагон  вазифадор гардиданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg