БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  бо аъзои гурӯҳи волонтёрон суҳбату вохӯриҳо бргузор намуда, оид ба  татбиқи  Аксияҳои ҳизбӣ, ба таври шаффофу демократӣ баргузор кардани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, моҳияти чорабиниро  ба интихобкунандагон фаҳмонид.

Дар вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки ҷавонон насли ояндасози Тоҷикистон, неруи пешбарандаи ҷомеа, иқтидори воқеии пешрафти давлат ва ояндаи миллат маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз ҳар як ҷавони бонангу номусро зарур аст, бо дарки баланди масъулияти  шаҳрвандӣ дар пешрафту ободии Ватан, чорабиниҳои ҳизбӣ дар давраи  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштироки фаъолона карда, саҳми арзандаи хешро гузорад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg