НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатщои миллӣ. Дар раванди корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо аҳолии шаҳру деҳот-падару модарон ва ҷавонон ҷиҳати ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Натиҷаи корҳои таблиғотӣ ҳамин аст, ки 30 нафар ҷавонон-ҳомиёни Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуда ва айни замон онҳо ба курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шудаанд. Онҳо пас аз хатми курси ронандагӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “Б”, “С” мегарданд.